Тоҷикистон дар хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон кумак мекунад

CC BY 2.0 / The U.S. Army / One Last LookАмериканские войска увозят раненых, архивное фото
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Тоҷикистон дар баробари Ӯзбекистону Покистон ваъда кардааст, ки барои убури шаҳрвандони Амрико аз Афғонистон ба ин кишвар мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон ба мувофиқа расидаанд, то шаҳрвандонашонро аз Афғонистон ба ин се кишвар интиқол диҳанд.
Зимни суханронӣ дар Кумитаи корҳои хориҷии Конгресси ИМА, ки дар зимни он вазъи Афғонистон муҳокима мешуд, ӯ гуфт, муваффақ ба баррасии вазъи марзи Афғонистон бо мақомоти ин се кишвар шудааст.
"Мо бо баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон кор кардем, то сарҳадҳои онҳо дар маҷмуъ барои шаҳрвандони Амрико, дорандагони иҷозатномаи иқомат дар Иёлоти Муттаҳида, инчунин дорандагони раводид ё иҷозаи вуруд ба Амрико, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва мо ба онҳо кумак мекунем, боз бошанд", - гуфт Энтони Блинкен.
Афганские мигранты в Татване, Турция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Сиёсатшиноси тоҷик гуфт, ки "ғояи паштунӣ" Афғонистонро куҷо мебарад
Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо ҳар се кишвар созишнома дорад.
Илова бар ин пас аз интиқоди шадид аз амалҳои Президент Ҷо Байден ва маъмурияти ӯ дар Афғонистон сарвари дипломатҳои Амрико эътироф кард, ки ҳукуматдорони ИМА дар муқовимат бо "Толибон"* натавонистанд стратегияи ғалабаро таҳия кунанд.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи Блинкен, дар нақшаи низомии зиддитеррористӣ ИМА дар Афғонистон хеле муваффақ амал кард.
* Ҷунбиши "Толибон" ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала