"Толибон": Чин моро шодбош гуфт

© AP / Andy WongНациональный флаг Китая
Национальный флаг Китая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
"Толибон"* мегӯяд, сафири Чин дар Афғонистон ҳукумати нав дар ин кишварро шодбош гуфтааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ван Ю, сафири Чин дар Афғонистон ҳукумати нав дар ин кишварро шодбош гуфт, хабар медиҳад "Толибон"*.
Муҳаммад Наим дар саҳифааш дар "Twitter" навишт, ки дипломати чинӣ ин шодбоширо зимни як мулоқот дар Кобул баён доштааст.
Ба иттилои ин манбаъ, Амирхон Мутаққӣ, вазири умури хориҷии "Аморати исломии Афғонистон" (низоми сиёсии худхундаи "Толибон"*) дар шаҳри Кобул сафири Чин Ван Юро қабул кардааст.
Таъкид шудааст, ки сафири Чин ҳукумати нави Афғонистонро шодбош гуфтааст.
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Вазири Фаронса аз дурӯғгӯии Толибон* гуфту барои ҳукуматашон шартҳо гузошт
Дипломати чинӣ илова намудааст, ки омодаи густариши ҳамкориҳои башардӯстона, иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати ҷадид дар Афғонистон дар оғози моҳи сентябр эълон шуд ва дар раъси он Муҳаммад Ҳасани Охунд қарор дорад. Охунд дар ҳукумати пешини "Толибон"* вазири умури хориҷӣ буд ва аз соли 2001 инҷониб таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
"Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон қаламрави ин кишварро ғасб намуда, 15 август тақрибан бидуни ҳеч муқовимат вориди Кобул шуданд. Нерӯҳои ИМА баъди 20 соли ҳузур рӯзи 31 август пурра тарки Афғонистон карданд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала