Юлдуз Усмонова ба Душанбе меояд

Юлдуз Усманова выступает на концерте в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Обуна шудан
Примадоннаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова ба Фестивали тобистонаи Душанбе, ки бо қарори мири пойтахт баргузор мешавад, даъват шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Фестивали тобистонаи Душанбе имсол бо ҳузури ситораҳои машҳури шарқ баргузор мегардад.
Бинобар иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, ҷашни мазкур рӯзҳои 25-26 сентябр дар "Наврӯзгоҳ" - и пойтахт доир мешавад.
Манбаъ меафзояд, фестивали мазкур ба 30 - юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи баргузор кардани он ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ аст.
Ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова бо суруди тоҷикӣ мухлисонашро дар Душанбе ба по хезонд - видео
Илова бар ин фестивал ба хотири эълон шудани Душанбе чун Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ - 2020-21 ва Пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021 доир мешавад.
Гуфта мешавад, дар баробари сарояндаҳои тоҷик, овозхонҳои саршиносе аз Шарқ, ба мисли Юлдуз Усмонова, Ҳамид Ҳирод ва Арон Афшор низ дар ин ҷашн ҳунарнамоӣ мекунанд.
Соли 2019 дар Фестивали тобистонаи Душанбе сарояндаи муваффақу саршиноси олам Мансур Ҷаъфарӣ иштирок карда буд.
Лентаи хабарҳо
0