Фавти Меҳрона хонандаи мактаби Зафаробод дар пахтачинӣ: зери чархи трактор мондааст

© фото из социальной сетиМехрона, ученица Зафарабадской школы
Мехрона, ученица Зафарабадской школы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Меҳронаи Фурӯзон як хонандаи синфи 9 - и МТМУ № 2 ноҳияи Зафаробод дар заминҳои пахтазор зери чархи трактор ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳии рӯзи 14 сентябр замоне рух додааст, ки Меҳрона ва ҳамсинфонаш кори пахтачиниро тамом карда, дар ҳоли расидан ба назди хонаводаҳояшон будаанд.
Волидони Меҳрона иброз менамоянд, ки он рӯз бо дастури масъулони идораи маориф ва омӯзгорон, ба ҳисоби Меҳрона ва чаҳор ҳамсинфонаш, 25 хонандаи мактаб ба пахтачинӣ фиристода шуданд.
Гулсара Назирова, модари Меҳрона дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дарсҳои фарзандаш баъд аз зуҳр шурӯъ мешуд, вале бо дастури масъулини маорифи ноҳия, омӯзгорон онҳоро ба пахтачинӣ бурдаанд.
Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Тормози "Хова" хароб шуд: ВКД ҷузъиёти бархӯрди 7 мошин дар роҳи Варзобро шарҳ дод
“Аз сифни 9 ба ҳисоби Меҳронаву Сарвиноз инчунин се писар ҳам будаанд. То соатҳои 19:00 - и бегоҳ онҳоро дар саҳро нигоҳ доштаанд. Меҳрона ва Сарвиноз дар болои оҳани борти (присеп) трактор истод будаанд, вале ин вақт ронанда тракторро ба ҳаракат медарорад, ки Сарвиноз худро ба поён мерасонад, вале Меҳрона ба замин афтида, зери чархҳои трактор мемонад”, - изҳор намуд Назирова.
Модари Меҳрона мегӯяд, он рӯз дар Бемористони Хуҷанд қарор дошту баъди шунидани ин ҳодиса бо талоши зиёд ба Зафаробод расид, аммо ин вақт аллакай фарзандаш ҷон ба Ҳақ таслим намуда буд.
Субҳи рӯзи 15 сентябр ҷанозаи Меҳронаи ғурамарг дар ноҳияи Зафаробод ба хок супурда шуд.
Масъулони идораи маорифи ноҳияи Зафаробод дар бораи ҷузъиёти ин ҳодисаи фоҷиабор аз суҳбат худдорӣ мекунанд.
Дар ҳоле волидони Меҳрона аз сафарбаркунии хонандаҳо ба кори саҳро мегӯянд, ки чанд сол муқаддам бо дастури раисиҷумҳури кишвар, ҷалби донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои мактаб ба пахтачинӣ манъ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0