Раҳмон ба Ван И: Тоҷикистон нисбат ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нест

© NakibMurodovМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И,
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И,  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Чин гуфт, Тоҷикистон нисбат ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нест
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносиботи шарикии стратегӣ ва дар зимни ташкилоту созмонҳои минтақаию байналмилалӣ баррасӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Раҳмон ва Тоқаев вазъи сиёсию низомии Афғонистонро баррасӣ карданд
Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз мизони болои ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳангу башардӯстӣ ва амният изҳори ризоият карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ шудааст.
Дар ин нишаст таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бинобар доштани марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, забон ва таърихи муштарак бо ин кишвар нисбат ба сарнавишти он бетафовут буда наметавонад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин раисҷумҳури Тоҷикистон тасреҳ кардааст, ки Душанбе хостори барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала