Боздошти ҷавони 18-сола бо иттиҳоми куштор дар Душанбе: Дувумин куштор дар ҳафтаи гузашта

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дувумин куштор тайи як ҳафтаи ахир дар Душанбе хабар дод.
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Мақомоти милиса бо иттиҳоми куштор ҷавони 18-сола, сокини шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.
ВУД мегӯяд, ҷавони муттаҳам 18-уми сентябр, тахминан соати 21:50 дар назди бинои маркази савдои "Душанбе"-и пойтахт бидуни далеле бо корд ба шиками ҷавони 20-сола, сокини кӯчаи Фирдавсӣ задааст.
Манбаъ афзуд, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан тафтиши қазия идома дорад.
В доме престарелых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Иттиҳоми як марди 77-сола ба кордзании писараш дар Рашт
Ин дуюмин куштор дар охири ҳафтаи гузашта мебошад, ки аз ҷониби ҷавонон содир шудааст. ВУД ҳамчунин хабар дод, ки сокини 23-солаи шаҳри Душанберо боздошт намудааст, ки дар қатли як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ муттаҳам дониста мешавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳодиса шоми 17 сентябр, замоне рух додааст, ки муттаҳам бо ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ дар майдончаи варзишӣ дар Душанбе ҷанҷол намуда, як маротиба бо мушт ба рӯи ӯ задааст. Дар натиҷа сокини Восеъ аз ин зарба ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала