Намояндаи Ҷабҳаи муқовимат аз дидор бо "Толибон"* дар Тоҷикистон ва макони Аҳмад гуфт

© AFP 2021 / AHMAD SAHEL ARMANАфганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Намояндаи Ҷабҳаи муқовимат назарашро дар бораи миёнҷигарии Тоҷикистону Покистон, роҳандозии музокироти миёни "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимат дар Душанбе изҳор дошт
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо телевизиони BBC гуфт: "Мо ҳаргиз мухолифи сулҳ нестем, аммо сулҳ дар худ як таърифи мушаххасе дорад".
Ӯ гуфт, барои ин ки "мо гуфтгӯро бо як душман оғоз кунем, мо онҳоро гурӯҳи террористии табаҳкор мешиносем".

"Дар ҳоли ҳозир на танҳо Ҷабҳаи муқовимат, балки мардум низ ҳеҷ эътимоде бар ин гурӯҳ надорад ва барои оғози гуфтугӯҳои ҷиддӣ, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ниёз аст, ки як эътимодсозӣ сурат бигирад", - гуфт Алӣ Майсам Назарӣ.

Номбурда гуфт, ниёз аст, ки ин гурӯҳи мутаҷовиз аз манотиқе, ки марбуташ намешавад, бо он давлати кумакрасонаш ақибнишинӣ кунад ва даст аз таҷовузу ҳамла баркашад.
Сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат гуфт, то "он даме ки мо дар ин шаҳрҳо мутаҷовиз дошта бошем, ҳеҷ гуна музокира ва гуфтугӯ барои мо матраҳ нест".
Эмомали Рахмон, президент РТ и Имран Хан Премьер-министр Пакистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дар Душанбе гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон сурат мегирад
Ба гуфтаи Алӣ Майсам Назарӣ, аксарияти Панҷшер дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат аст.
"Чизе ки ҳоло душман дар даст дорад, ин дараи умумӣ аст, аммо нуқоти асосӣ ва стратегӣ дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллист", - гуфт номбурда.
Ӯ гуфт, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд дар дохили кишвар дар як ҷойи амн аст, Амрулло Солеҳ низ дар кишвар аст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала