Русия қудрати дифоии Тоҷикистонро тақвият хоҳад кард

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксПолк С-400 заступил на боевое дежурство в Крыму
Полк С-400 заступил на боевое дежурство в Крыму - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Тақвияти қудрати дифоии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар пайи шиддати вазъ дар ин кишвар сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко дар ҳошияи конфронсе гуфт, ки кишвараш минбаъд низ ба Тоҷикистон кумаки низомӣ хоҳад кард.

“Мо тақвияти нерӯи низомии Тоҷикистонро ҳам дар чаҳорчӯби СПАД ва ҳам дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба идома хоҳем дод",-гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Вай афзуд, пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бо ҳама лавозими ҷангӣ барои муқовимат ба таҳдидҳое, ки метавонанд аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд оянд, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз аст.
Руденко гуфт, ки Русия дар таҳияи стратегияи худ таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро ба назар мегирад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Раҳмон: СААД марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро тақвият медиҳад
"Ба қарибӣ дар қаламрави Тоҷикистон тамрин сурат гирифт, ки он нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистонро низ шомил мешуд. ...ин амал на дар бораи узвият дар созмонҳо, балки аз мушкилоти умумӣ башорат медиҳад", - афзуд муовини вазири корҳои хориҷии Русия.
Қобили зикр аст, дар нишасти СПАД, ки дар Душанбе баргузор шуд, маҳз вазъи Афғонистон дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки кишварҳои СПАД нақшаи муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои вокуниши сареъро қабул кардаанд. Ба гуфтаи президент, ҳамаи ҳуҷҷатҳои калидӣ пас аз вохӯриҳои 16 сентябр аз ҷониби шахсони масъули созмон ба имзо мерасанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала