Сиёсатмадори Ӯзбекистон гуфт, СҲШ аз мулоқот бо ҳукуматдорони Афғонистон ҷонибдорӣ кард

© REUTERS / West Asia News AgencyБойцы "Талибана"* в парке развлечений в Кабуле
Бойцы Талибана* в парке развлечений в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Сиёсатмадори ӯзбекистонӣ дар мавриди дурнамои музокирот дар формати Созмони ҳамкории Шонгҳой - Афғонистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ташаббуси Ӯзбекистон барои гузарондани гуфтушунидҳо бо ҳукуматдорони нави Афғонистонро дар доираи ин созмон ҷонибдорӣ карданд.
Дар ин бора фиристодаи махсуси раисҷумҳури Ӯзбекистон дар умури Афғонистон, Исматулло Иргашев зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ таъкид намуд, ки мулоқоти сатҳи олӣ миёни намояндагони кишварҳои узви СҲШ ва намояндагони "Толибон"* метавонад дар кутоҳтарин муҳлат ташкил карда шавад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Дастгир шудани 40 нафар аз тарафи "Толибон"* барои инфиҷорҳои занҷираӣ дар Нангарҳор
"Аллакай зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ, мо вокунишҳои мусбатро шунидем. Ягон вокуниши манфӣ ҷой надошт", - изҳор дошт Иргашев.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ, раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки бо намояндагони ҳукумати нави Афғонистон гуфтушунидҳо баргузор гарданд ва изҳори омодагӣ намуд, ки нахустин чунин як мулоқотро дар Ӯзбекистон гузаронад.
Ӯ илова намуд, ки ба ин мулоқотҳо ҳамчунин кишварҳои нозир ва шарикони СҲШ ҷалб гарданд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала