Дастгир шудани 40 нафар аз тарафи "Толибон"* барои инфиҷорҳои занҷираӣ дар Нангарҳор

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон дар рӯзҳои истироҳат чанд таркиш сурат гирифт, ки ҷони иддаеро рабуда, бархеи дигарро шадидан маҷруҳ карданд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. "Толибон"* 40 нафарро дар робита ба ин таркишҳо дар вилояти Нангарҳор боздошт кард, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Ariana News".
Манбаъ аз қавли намояндаи ин созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия мегӯяд, дар робита ба таркишҳое, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар шаҳри Ҷалолобод сурат гирифтанд, 40 нафар боздошт шуданд.
Ёдовар мешавем, ки танҳо рӯзи якшанбе бар асари таркиш дар вилояти мазкур ду нафар кушта ва як ҷангии "Толибон"* шадидан маҷрӯҳ шуд.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Манбаъ: "Толибон"* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон ва хостори музокирот шудаанд
Гуфта мешавад, ин таркиш дар истгоҳе дар шаҳри Ҷалолобод иттифоқ афтодааст.
Бар асари ин ҳодиса ду ғайринизомӣ кушта ва як ҷангии "Толибон"* маҷрӯҳ шуд
Ҷузъиёти дигари ҳодиса то ҳол мушаххас нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин таркиш дар Ҷалолобод набуда, балки қаблан "Hindustan Times" гузориш дода буд, ки дар як ҳодисаи мушобеҳ тақрибан 20 нафар маҷрӯҳ ва се нафар кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала