Манбаъ: "Толибон"* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон ва хостори музокирот шудаанд

© Представитель движения талибанРуководство Талибана во время совещания
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Ҳаракати "Толибон"* пас аз хатми даргириҳои шадид дар Панҷшер пушаймон ва хостори музокира бо Ҷабҳаи муқовимат шудааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба ин хотир онҳо ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва чеҳраҳои шинохтаи панҷшериҳои сокини шаҳри Кобул муроҷиат кардаанд.
Манбаи огоҳ аз ин гуфтугӯҳо дар Кобул ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъд аз хатми даргириҳои шадид ва ақибнишинии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Иморати исломии "Толибон"* ба манзили шахсии Абдуллоҳ Абдуллоҳ рафтааст.

"Он ҷо як маҳфил бо ширкати ин ду нафар ва иддае аз олимону бузургони панҷшерии сокини Кобул барпо шуд ва масъалаи Панҷшерро ба баррасӣ гирифтанд. Васиқ гуфт, ҳукумати "Толибон"* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон аст. Ӯ аз Абдуллоҳ ва бузургони Панҷшер хост, ки бо нерӯҳои муқовимат дар дара тамос гиранд ва шарту шароити поён омаданашон аз кӯҳҳоро баён кунанд”,-гуфт манбаъ.

Ин манбаъ мегӯяд, дар ҳамон маҷлис бузургони Панҷшер чаҳор шарт пеши Васиқ гузоштанд, ки бино ба онҳо, нерӯҳои “Толибон”* бояд аз Панҷшер комилан хориҷ шаванд, ҷангро куллан қатъ кунанд, кафолат диҳанд, ки ба мардум дигар кор нахоҳанд гирифт ва тамоми таҳримҳо, аз ҷумла қатъи барқу мухобирот, назири телефону интернет, манъи вуруди маводи ғизоӣ ва дигар эҳтиёҷоти мардумро лағв намоянд.
Ин манбаъ мегӯяд, "Толибон"* ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳамлаи онҳо ба Панҷшер ва ҷиноёташон дар ин дара хатои бузурги сиёсии онон аст. Зеро дар саросари ҷаҳон амалкардҳои онҳо дар Панҷшер ба шиддат маҳкум мешавад.
"Панҷшер шаҳди ғалабаро дар коми онҳо талх кардааст. Миёни худашон ихтилоф сар задааст. Аз сӯйи дигар мардуми Панҷшер сахт уқдаманд шуданд ва ин таҳқиреро, ки диданд, ба зудӣ нахоҳанд бахшид. Фикри бузургони Панҷшер ва “Толибон” ҳам онро пазируфтанд, ин аст, ки фақат рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумул вазъро сода мекунад”,-гуфт манбаъ.
Министр иностранных дел Саудовской Аравии Адель Аль-Джубейр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Арабистони Саудӣ гуфт, бо "Толибон"* ҳич робитае надорад
Ба қавли ӯ, ин суҳбатҳо то баргузории ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Имрон Хон, сарвазири Покистон дар Душанбе иттифоқ афтода буданд.
Дар ин мулоқот раҳбарони Тоҷикистону Покистон ба ин натиҷа расиданд, ки барои музокирот миёни Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон” дар Тоҷикистон талош хоҳанд кард, зеро ҳарду тараф рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумул бо иштироки тамоми ақвом дар Афғонистонро роҳи ҳалли буҳрон медонанд.

Шартҳои ҷабҳа

Дар ҳамин ҳол Ҳафиз Мансур, як узви Шӯрои Ҷабҳаи муқовимати милллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин талошҳои “Толибон”* беҳуда аст, бахусус, ки қазия аз дасти Абдуллоҳ Абдуллоҳ берун рафтааст.
Вай гуфт, шартҳои Ҷабҳа чунин буду ҳаст: “Толибон” бояд расман эълон кунанд, ки ҳамлаашон ба Панҷшер иштибоҳ буд, волиии номниҳоди худро ба Кобул пасбихоҳанд ва тамоми нерӯҳои худро аз Панҷшер хориҷ кунанд.
"Ин пешниҳодоте аст, ки қабл аз ҳамлаашон ба Панҷшер барои онҳо гуфтем. Раиси ҳайаташон Амирхон Муттақӣ (ҳоло вазири корҳои хориҷӣ) буд. “Толибон” аз назари сиёсӣ дар Панҷшер шикаст хӯрдаанд. Як моҳ зиёд гузашт, аммо ҳеҷ кишваре онҳоро эътироф накард ва кумаке ҳам барояшон ваъда нашуд. Бо гузашти замон қувваҳои низомиашон шикаст мехӯранд”, - гуфт Ҳафиз Мансур.
Глава Министерство обороны Афганистана Бисмиллахан Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Бисмиллоҳхон ба Душанбе омад: Оё ӯ ба Аҳмади Масъуд мепайвандад?
Бо суқути Кобул дар 15 августи соли равон "Толибон"* 33 вилояти Афғонистонро пурра ишғол карданд ва танҳо вилоятиПанҷшер аз зери султаи онҳо хориҷ буд. Дар ин дара тамоми нерӯҳои зиддитолиб аз саросари Афғонистон ҷамъ омада, таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи "Толибон"* -ро таъсис доданд.
Бино ба иттилои мувассақе, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, музокирот миёни Ҷабҳаи муқовимат ва "Толибон"* ҳанӯз 17 август шуруъ шуда, охирин даври музокирот 25 август бидуни натиҷа ба охир расидааст.
"Толибон" шурӯъ аз 31 август ҳамлаҳои худ ба Панҷшерро оғоз намуда, фақат пас аз 7 рӯз бо кӯмаки тайёраҳои бесарнишин ва нерӯҳои ҳавоии Покистон муваффақ ба ишғоли маркази вилоят ва рустоҳои канори роҳи асосии дара шуданд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба дараҳои фаръӣ ақибнишинӣ карданд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала