Ҳамдардии Раҳмон ба президент ва мардуми Алҷазоир

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳамдардии худ изҳор дошт, ки марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Алҷазоир саҳми намоён дошт
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии кишвардори Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун барқияи ҳамдардӣ ирсол намудааст.
Дафтари матбуотии роҳбари давлат менависад, ки ин барқия дар робита ба даргузашти собиқ кишвардори Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа фиристода шудааст.
Дар барқияи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон омадааст, " хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир АбдулАзиз Бутафлиқа боиси ғояти андӯҳи мо гардид".
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
"Аз мусибати ба сари шумо омада, андӯҳгинам": Лукашенко ба Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кард
Дар идома Раҳмон аз саҳми президенти марҳум дар рушди муносибат ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир ёдовар шуда, афзудааст, ки "саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд".
Манбаъ меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самими баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хостааст.
Лентаи хабарҳо
0