Патрушев гуфт, кӣ кафили амният дар Осиёи Марказист

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookСекретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Сиёсати ИМА дар мавриди Афғонистон таҳдидҳои ҷиддиеро бар сари кишварҳои Осиёи Марказӣ овард
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, амали ИМА дар Афғонистон нишон дод, ки амрикоиҳо ҳич як иттифоқчии худро пос намедоранд.
Патрушев дар суҳбат бо "АиФ" таъкид намуд, ИМА дар Афғонистон нишон дод, ки танҳо манофеи худхоҳонаашро пайгирӣ мекунад.

"Хуруҷи бидуни масъулияти нерӯҳои амрикоӣ ба он мунҷар шуд, ки давлатҳои минтақа бо мушкилоти афзоянда дучор шаванд. Ғарбиҳо ин мушкилотро на танҳо ҳал накарданд, балки мураккабтар сохтанд",-изҳор дошт Патрушев.

Дабири Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки дар чунин ҳолат давлатҳои узви СҲШ ва СААД "кафили амният дар Осиёи Марказӣ мебошанд".
Ӯ илова намуд, ки сиёсати ИМА дар Афғонистон метавонад ба буҳрони муҳоҷирате анҷомад, ки аз ҳолати соли 2015-ум шадидтар хоҳад буд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Патрушев: Ҳаёти миллионҳо нафар аз дасти ИМА дар хатар аст
Патрушев хотиррасон намуд, ки шаш соли қабл дар пайи ба вуҷуд омадани ноамниҳо дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ анбуҳи зиёди муҳоҷирон аз тариқи баҳри Миёназамон ба Урупо фирор кард, ки то ҳол касе шумораи дақиқашонро медонад.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон қудратро дар ин кишвар созмони террористии "Толибон"* ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар дод. Даҳҳо ҳазор дар пайи ғасби ин кишвар аз тарафи "Толибон"* тарки кишвар карданд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала