"Толибон"* аз ҷаҳон хост, ки аввал ҳукуматашонро эътироф кунаду баъд интиқод намояд

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Гуруҳи "Толибон"* аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки аввал ҳукуматашонро эътироф кунанд, баъд ба интиқод пардозанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* мегӯяд, абарқудратҳои ҷаҳон ҳукумати нави Афғонистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон зиёд танқид мекунанд, ки нуқтаи назари онҳо яктарафа мебошад.
Муҷоҳид дар суҳбат бо шабакаи "Geo.tv", изҳор доштааст, ки танҳо давлатҳое метавонанд масоили нақзи ҳуқуқи башар бо "Толибон"*-ро аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар миён гузоранд, ки ҳукумати навашонро эътироф кардаанд.
Дар зимн ӯ таъкид намудааст, ки "Толибон"* намехоҳад, ки ҳеҷ давлати хориҷие дар умури дохилии Афғонистон дахолат кунад.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Патрушев гуфт, кӣ кафили амният дар Осиёи Марказист
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид инчунин илова намудааст, ки ҳукумати ҷадиди Афғонистон хоҳони ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Вай изҳор кардааст, ки Афғонистон дар ояндаи наздик шоҳиди сулҳу суботи сарорсарӣ хоҳад шуд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Ин гурӯҳ то имрӯз наздик ба 40 узви ҳукуматашро эълон кардааст, ки аксарашон паштун буда, таҳти таҳрими СММ қарор доранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала