Дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай бо намояндагони вижаи Русия, Чин ва Покистон

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Раисҷумҳури пешин ва раиси пешини Шӯрои оштии миллии Афғонистон имрӯз бо намояндагони кишварҳои Русия, Чин ва Покистон дидор карданд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси Шӯрои оштии миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки дар ҳузури раисҷумҳури пешин Ҳомид Карзай ахиран бо намояндаи махсуси Русия Замир Кабулов, намояндаи махсуси Чин Сяо Ёнг ва намояндаи махсуси Покистон Содиқхон мулоқот ва масъалаҳои кунунии кишварро баррасӣ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай афзуд, дар ин нишаст, ки сафирони Русия ва Покистон дар Кобул низ ҳузур доштанд, ба ташкили ҳукумати фарогир ва мақбул барои мардуми Афғонистон таъкид карданд.
Оқои Абдуллоҳ афзудааст, ки вакилон ҳамчунин ба зарурати таҳкими сулҳу субот, сиёсати муътадил, эҳтироми ҳуқуқи занон, таълими баробар барои афғонҳо ва ҳамкории минтақаӣ таъкид карданд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Ҳомид Карзай: Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
Дар охир Абдуллоҳ Абдуллоҳ навиштааст, ки дар ниҳоят ба талошҳо ва ҳамкории кишварҳои номбурда сипосгузорӣ ва қадрдонӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон низ мулоқот карда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала