Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ меравад: Ифтитоҳи беш аз 120 иншоот дар назар аст

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото
Эмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Интизори меравад, роҳбари давлат зимни сафари корӣ ба ВМКБ дастикам 120 иншооти муҳими давлатӣ ва ҷамъиятиро ифтитоҳ кунад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад.
Сафари роҳбари давлатро сухангӯи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
Ба гуфтаи ӯ, феълан санаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дақиқ нашудааст, вале маълум аст, ки ӯ дар ҳамин моҳ аз ин вилоят боздид мекунад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Аз Шуле то Навобод: Раҳмон дар ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро ифтитоҳ кард
Ниятбеков дар идома изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сафари қарибулвуқуи худ на аз ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ дидан мекунад. Сафари ӯ танҳо ба Ванҷу Ишкошим, Мурғобу Рӯшон дар назар нест.
Манбаъ афзуд, ки роҳбари давлат аз 2 то 3 рӯз меҳмони ВМКБ гардида, дар ин муддат беш аз 120 иншооти муҳими давлатию ҷамъиятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

"Ба истифода додани 10 иншооти муҳим дар ноҳияи Роштқалъа, 3 иншоот дар ноҳияи Шуғнон ва чандтои дигар дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст", - тавзеҳ дод Ниятбеков.

Феълан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар минтақаи Рашт қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала