Ҳаракати нақлиёт дар Душанбе маҳдуд мешавад: чанд рӯз ва дар кадом самт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНовая эстакада в Душанбе
Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Дар Душанбе барои як муддати номаълум ҳаракати нақлиёт дар роҳи кӯчаи Фирдавсӣ масдуд мешавад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро аз масдуд шудани роҳи кӯчаи Фирдавсӣ хабардор мекунад.
Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, аз 22 сентябр роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, аз буриши кӯчаи Неъмат Қарабоев то буриши кӯчаи М. Қосимов ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
Сабаби масдуд шудани роҳ оғози корҳои таъмирӣ гуфта мешавад.
Опустевшие дороги в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Қатъи ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе: кадом кӯчаҳо, рӯзҳо ва соатҳо?
Манбаъ дақиқан зикр накардааст, ки дар ин масир кай ҳаракати нақлиёт барқарор мешавад, танҳо қайд карда шуд, ки то анҷоми корҳои таъмирӣ ҳаракати нақлиёт роҳ дар кӯчаи Фирдавсӣ масдуд боқӣ мемонад.
Илова бар ин манбаъ меафзояд, ки ба нақшаи хатти ҳаракати автобусҳои мусофирбари №2, 18, 81, инчунин хатти микроавтобусҳои мусофирбари №30, 42, 54, 57, 81 ва 88 тағйирот ворид шуда, то ба истифода додани роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, фаъолияти онҳо тавассути кӯчаҳои Н.Қарабоев, Ҷанубӣ, Қосимов ва хиёбони А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала