“Миссияи сулҳ” бар зидди ҷангҷӯён: СҲШ барои дифоъ аз Тоҷикистон омода мешавад

© Sputnik / Антон КурилкинВоенные учения ШОС "Мирная миссия-2018"
Военные учения ШОС Мирная миссия-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Эҳтимоли гузаштани террористон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони таҳдиди асосии амнияти минтақа дар ояндаи наздик боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Ситоди фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой "Миссияи сулҳ - 2021" ба чунин таҳдидҳо посухи кофӣ медиҳад.

Тамринҳо бузург дар фазои СҲШ

Дар тамрингоҳи “Донгуз”-и вилояти Оренбург рӯзҳои 20-24 сентябр машқҳои муштараки зиддитеррористӣ ва Ситоди "Миссияи сулҳ - 2021" -и нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СҲШ баргузор мешаванд. Ба ин тамрин аз Беларус, Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон 5500 низомӣ ва беш аз 1200 адад техникаи ҳарбӣ ҷазб шудааст. Аҳамият диҳед, ки Беларус дар СҲШ мақоми нозир дорад ва ҳайати низомии он бори аввал дар тӯли солҳои зиёд дар “Миссияи сулҳ” иштирок мекунад.
Ротаи истихборот ва ҳамлаи фармондеҳии минтақаии “Ғарб” аз Қазоқистон ба вилояти Оренбург бо зиреҳпӯшҳо омад. Дар машқҳо аз ҳавопаймоҳои “Су-25”-и нерӯҳои ҳавоӣ истифода мекунанд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Назари як низомии тоҷик дар бораи тамринҳои СҲШ пас аз шиддати вазъ дар Афғонистон
Русияро ҷузъу томҳои артиши Округи марказии ҳарбӣ, нерӯҳои вижа, экипажҳои парвоз аз панҷ минтақаи Федератсияи Русия ва пойгоҳи ягонаи низомии Русия "Кант" дар Қирғизистон намояндагӣ мекунанд. Дар машқҳо 30 ҳавопаймо ва чархбол истифода мешавад: ҳавопаймоҳои тирандози “Су-34”, ҳавопаймои иктишофии “Су-24МР”, ҳавопаймоҳои зарбазани “Су-25”, чархболҳои зарбазани “Ми-24”, болгарди ҷангии “Ми-8” ва ҳавопаймои низомии “Ил-76”.
Ҳадафи асосии машқҳои “Миссияи сулҳ – 2021” беҳтар намудани ҳамоҳангии мақомоти фармондеҳӣ ва назоратии гурӯҳи эътилофии қувваҳои кишварҳои узви СҲШ ва табодули таҷриба дар муқобила бо найрангҳои нави гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Вазифаҳои амалиёти зиддитеррористӣ бо дарназардошти вазъи мураккаби низомӣ-сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ танзим мешаванд.
Тибқи тарҳи тамрин, артиш бояд ба ҳамлаи "созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ" посух диҳад ва дар ҳамлаи муқобил "душман"-ро нест кунад. Воҳидҳо тибқи усули муқобила бо тактикаи созмонҳои террористии байналмилалӣ амал мекунанд: онҳо сарнагун кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин, нест кардани гурӯҳҳои тахрибкор ва пешгирии ҳамлаҳо бо силоҳи кимиёӣ ва биологиро меомӯзанд.

Нигаронии махсус

Пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон вазъ дар ин кишвар боз ҳам бадтар шуд. Ишғоли қудрат аз ҷониби “Толибон” шароити густариши терроризм ба кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам мекунад, ки чунин як вазъ манфиатҳои геополитикии Русия, Чин, Покистон ва Эронро таҳдид мекунад. Кишварҳои СҲШ-ро ҳамлаҳои террористҳои гурӯҳҳои мухталиф, ки миқдори зиёди силоҳу муҳимоти амрикоиҳо мутааллиқ ба онҳо шудааст, таҳдид мекунанд. Ин гуна гурӯҳҳо ҳузур, нуфуз ва фаъолияташонро дар қаламрави Афғонистон афзоиш медиҳанд.
Фармондеҳи Округи марказии низомии Русия Александр Лапин рӯзи 20-уми сентябр бо оғози машқҳои муштараки "Миссияи сулҳ - 2021” дар тамрингоҳи “Донгуз” гуфт: “Дар зимни ғасби ҳукумат аз ҷониби “Толибон” тақвияти мавқеи ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон боиси нигаронист, зеро он таҳдиди нуфуз пайдо кардани ин гуна гурӯҳҳо дар навоҳии наздимарзии моро дар пай дорад".
Бойцы Талибана* в парке развлечений в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Сиёсатмадори Ӯзбекистон гуфт, СҲШ аз мулоқот бо ҳукуматдорони Афғонистон ҷонибдорӣ кард
Фатҳулло Идоятуллозода, муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди омодагии ҷангии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳамияти машқҳои муштаракро дар таҳкими амнияти минтақаӣ ва наздикшавии мардуми бародар бориз арзёбӣ кард.
Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфта буд, ки дар баргузории машқҳои СҲШ таҷрибаи амалиёти низомӣ дар Сурия ба назар гирифта мешавад. Суханони сарварони низомии ин сатҳ вазни махсус доранд. Ба назар мерасад, Афғонистон аз Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои СҲШ ва СПАД бештар нигарон аст.
Ин аст, ки халабонҳои Русия ва Қазоқистон дар наздикии Оренбург айни замон разведкаи ҳавоии ин минтақаро анҷом медиҳанд; машғули нобудсозии аҷсоми дар ҳоли ҳаракат ва бомбаборон кардани зенитҳои "созмонҳои террористӣ" мебошанд. Ҳавопаймоҳои “Су-25”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба мавқеъҳои артиллерияи "душман" зарбаҳои мӯшакӣ мезананд.
Минаҳои муосири GMZ-3 ба унвони монеаи заминӣ аз тарафи отрядҳои сайёр истифода мешаванд. Воҳидҳои муҳандисии Округи марказии ҳарбӣ барои сохтани чоҳҳои зиддитанкӣ ба масофаи 2 км аз маводи инфиҷорӣ истифода мекунанд.
Барои пешрафти воҳидҳои ҷангии гурӯҳи эътилофӣ аз мошинҳои муҳандисии IMR-3, дастгоҳҳои поксозии минаҳои УР-77 истифода мешавад. Ва ин танҳо оғози “Миссияи Сулҳ - 2021” аст, ки дар ҷараёни он беш аз 70 системаи тӯпхона ва мӯшак, 4500 лавозимоти ҷангии хумпораӣ ва мӯшакҳои зиддитанкӣ истифода мешаванд.

Динамикаи муқовимат

Аз замони таъсиси Созмони Ҳамкории Шонгҳой кишварҳои узв силсилае аз машқҳои муштараки зиддитеррористиро таҳти унвони умумии "Миссияи сулҳ" баргузор кардаанд. Аввалин машқҳо моҳи августи соли 2003 дар қаламрави Қазоқистон ва Чин бо иштироки ҳамаи аъзои ин созмон ба истиснои Узбакистон сурат гирифтанд. Дар ибтидо СҲШ мизони болои ширкат дар чунин машқҳоро таъйин карда буд. Масалан, дар "Миссияи сулҳ -2005" аз 10 ҳазор низомӣ, нерӯҳои ҳавоии зарбазан ва киштиҳои стратегии Русияву Чин истифода шуд. Бо мурури замон ҳайати аъзои СҲШ ва иштирокчиёни машқҳо васеъ шуданд. Имрӯз нуҳ давлат - Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Эрон (аз 17 сентябр), Узбакистон узви баробарҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Кишварҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Беларус ва Муғулистон метавонанд бидуни ҳуқуқи қабули қарор дар маҷлисҳо ва дар муҳокимаи рӯзнома ширкат варзанд. Илова бар ин СҲШ дорои давлатҳои шарики муколама мебошад - Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Камбоҷа ва Непалу Шри -Ланка, ки созмон бо онҳо дар соҳаҳои муайян ҳамкорӣ мекунад. Ҳамаи ин кишварҳо як захираи муҳими рушди ҳамкориҳои низомӣ -сиёсӣ дар СҲШ мебошанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала