Попова гуфт, хуруҷи коронавирус дар Русия боз майли афзоиш дорад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузаштан ба хазинаи аксГлавный государственный санитарный врач РФ Анна Попова
Главный государственный санитарный врач РФ Анна Попова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Анна Попова, раиси "Роспотребнадзор" мегӯяд, дар 36 субъекти Русия тамоюли афзоиши гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Роҳбари "Роспотребнадзор" хостори воксингирии бештари шаҳрвандон шуд, то масунияти кофӣ барои ҷилавгирӣ аз авҷи ин беморӣ фароҳам бошад.
"Агар пештар мо дар бораи 11 субъект бо тамоюли афзоиши гирифторони коронавирус мегуфтем, ҳафтаи гузашта ба ин шумора 25 адади дигар зам шуд. Феълан дар 36 субъекти Русия теъдоди гирифторон майли афзоиш дорад",-овардааст ТАСС аз қавли Попова.
Ӯ даъват намудааст, ки тамоми хадамот бояд барои ҷилавгирӣ аз авҷи беморӣ омода бошанд.
Вакцинация в Гостином дворе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Дар Бохтар 20 ҳазор донишҷӯй алайҳи COVID ваксин гирифт
Анна Попова инчунин изҳор доштааст, ки феълан дар Русия ҳудуди 40 миллион нафар воксин гирифтаанд.
"Ҳудуди 40 миллион сокини болиғи Русия аз марҳилаи комили воксингирӣ алайҳи коронавирус гузаштанд",-изҳор доштаст роҳбари "Роспотребнадзор".
Ӯ гуфтааст, афроди дорои масуният алайҳи коронавирус дар Русия зиёданд ва муҳим хондаст, ки ин теъдод бештар шавад. Попова таъкид намудаст, муносибати мардум дар мавриди коронавирус ва воксин тағйир ёфта, шумори ҳарчи бештари шаҳрвандон воксин гирифта истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала