Раҳмон дар Рашт бинои нави ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро барои низомиён ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ намуд.
Бинои дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳ дар ҳудуди қисми низомии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Гуфта шудааст, ки президенти Тоҷикистон шахсан аз дохил ва ҳудуди қисми низомӣ ва бинову иншооти навбунёд дидан кард.
Ҳамзамон раисҷумҳур ба масъулини қисми ҳарбӣ ва ба мақомоти ноҳияи Рашт супориш додааст, ки барои тарбияи дуруст ва таъмини маводи зарурии хӯрок ва сарулибос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
 Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Президент терминали Раштро, ки бародарон Сияровҳо сохтанд, ифтитоҳ кард
Инчунин раисҷумҳури кишвар дар доираи сафари худ ба ноҳияи Рашт бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуд.
Боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” 5 соли қабл бунёд шуда буд ва дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбанд, ки ба содирот нигаронида шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар оянда барои васеъ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бунёди сардхона барои нигоҳдории то 5 ҳазор тонна мева, коргоҳҳои истеҳсоли қуттиҳо ва коркарди меваҳо ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ноҳияи Рашт имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7663 гектар кишти зироат гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 24,3 гектар зиёд мебошад.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Лахшский район  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Раҳмон дар водии Рашт: Президент ба Лахши баландкӯҳ парвоз кард
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 68 миллиону 660 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 801 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 101,2 фоизро ташкил медиҳад.
Зикр карда шудааст, ки истихроҷу коркарди ангиштсанг дар конҳои мавҷудаи ноҳияи Рашт солҳои охир вусъат дошта, аз ин ҳисоб таъмини ташкилоту муассисаҳо ва дигар соҳаҳои буҷетӣ бо ангишти хушсифат сол аз сол бештар мегардад.
Ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳияи Рашт 12 миллиону 318 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 349 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала