Раҳмон дар Рашт гуфт, кадом кадрҳо давлатро дар оянда соҳибӣ кардан метавонанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, давлатро дар оянда танҳо кадрҳои босавод ва донишманд соҳибӣ карда метавонанд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт зарурати тарбияи кадрҳои ҷавонро ба миён гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Рашт тарбияи мутахассисони ҷавон ва таъмини ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро бо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифати миллӣ муҳим хонд.

"Зеро бори дигар таъкид месозам, ки давлат ва Ватанро кадрҳои донишманду босавод ва мутахассисони ботаҷрибаву соҳибмаърифат ободу соҳибӣ карда метавонанд",-изҳор дошт раисиҷумҳур.

Вай афзуд, дар соли таҳсили 2021 – 2022 ба ноҳияҳои минтақаи Рашт 118 квотаи президентӣ ҷудо карда шуд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, тибқи квотаи президентӣ, то ҳол қариб 2000 нафар аз хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ноҳияҳои минтақаи Рашт ба 20 муассисаи таҳсилоти олии кишвар қабул шудаанд.
Эмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ меравад: Ифтитоҳи беш аз 120 иншоот дар назар аст
Зикр гардид, ки феълан дар худи минтақа Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият дорад.
Инчунин 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии водӣ фаъолият карда истодаанд, изҳор дошт Раҳмон.
Раисҷумҳур хотиррасон намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нави таълимӣ барои беш аз 54 ҳазор хонанда сохта шуда, то охири соли ҷорӣ сохтмони боз 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7 ҳазор хонанда бунёд мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала