Миёни Душанбею Нур-Султон санади бародаршаҳрӣ имзо шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе, архивное фото
Вид на город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Шаҳрдори Душанбе ва ҳокими Нур-Султон санади бародаршаҳриро миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон имзо карданд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов ҳамкориҳо миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.
Зимни мулоқот раиси шаҳри Душанбе ба тамоили рушди босуръати шаҳри Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид сохтааст, ки васеъ намудани робитаҳои байни воҳидҳои маъмуриву ҳудудии ду кишвар, қабл аз ҳама пойтахтҳо муносибатҳои байнидавлатии моро қавитар мегардонад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд, хабар медиҳад, котиботи Маҷлиси миллии
Рустам Эмомали президент ФФТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон аз мушкилоти Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир гуфт
Гуфта мешавад, дар ин самт, омодагии шаҳри Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳибкорону ширкатҳои ҳавасманди Қазоқистон бобати ҷалби сармояи мустақим ва истифодаи самараноки фазои мусоиди соҳибкории пойтахт, иброз гардид.
Дар фарҷоми музокираҳо Рустами Эмомалӣ ва Алтай Кулгинов ёддошти тафоҳумро дар хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд.
Пас аз мулоқот бо ҳокими шаҳри Нур-Султон Рустами Эмомалӣ аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии "АстанаГенплан" ва ҳамзамон аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии "iKOMEK"-и ҳокимияти шаҳри Нур-Султон дидан намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала