Аз Рашт то Балҷувон: Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон рафт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид. Роҳбари давлат баъд аз сафари кориаш ба Рашт ба вилояти Хатлон рафт
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 23 сентябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор дошт.
Дар ҷараёни сафари корӣ раисҷумҳур чанд иншооти гуногунро дар ноҳияҳои водии Рашт ифтитоҳ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ, яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти президент бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сафари кориаш ба ноҳияи Рашт бо мақсади ифтитоҳи чанд иншооти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Раҳмон дар Рашт гуфт, кадом кадрҳо давлатро дар оянда соҳибӣ кардан метавонанд
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки бо ба истифода додани бинои нав сатҳу сифати кор беҳтар мегардад.
Ҳамзамон раисҷумҳумҳури Тоҷикистон дар Балҷувон чандин иншооти дигари муҳимро ба истифода дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала