Нашри ҷадвали мусобиқоти 19-умин Бозиҳои Осиё: Чин бори сеюм мизбонӣ мекунад

© NATIONAL OLYMPIC COMMITTEE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTANАзиатские игры-2018: в олимпийской деревне подняли флаг Таджикистана
Азиатские игры-2018: в олимпийской деревне подняли флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё - 2022 дар Ҳангжоу хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бар асоси ҷадвали нашршуда, 19-умин Бозиҳои Осиё аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор мешаванд. Варзишгарон дар 40 намуди варзиш ва 61 равия зӯрозомӣ хоҳанд кард.
Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, тайи 15 рӯзи бозиҳои осиёӣ 482 маҷмӯи медалҳо ба ғолибон супорида хоҳанд шуд.
Манбаъ афзуд, ки интизор меравад, Бозиҳои 19-умини Осиё чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ, 6 сентябр бо мусобиқаи футболи мардона оғоз гарданд.

"Аввалин медалҳо дар шиноварӣ, панҷҳарбаи муосир, қайиқронӣ ва гимнастикаи бадеӣ рӯзи 11-уми сентябр тақдим мешаванд. Мусобиқаҳои камонварӣ ва шиноварии синхронӣ дар рӯзи охирин - 25 сентябр дар назар мебошанд",-омадааст дар иттилоияи Кумита.

Манбаъ афзуд, ки дар варзиши сабук бо 48 зӯрозмоӣ, дар намуди шиноварӣ 41 мусобиқа ва камонварӣ 33 мусобиқа баргузор мешавад ва ин риштаҳои варзиш аз сермедалҳо ба шумор мераванд.
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Қаҳрамонҳо 100 ҳазор долларӣ мегиранд: эълони ҷоизапулии Чемпионати бокс дар Белград
Таъкид шудааст, ки ин нашри аввали барномаи бозиҳо бар асоси "шумораи тахминии довталабон" таҳия шуда, нусхаи ниҳоӣ баъдан ироа хоҳад шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хотиррасон намудааст, ки Ҳангжоу пас аз Пекин дар соли 1990 ва Гуанжоу дар соли 2010 сеюмин шаҳри Чин хоҳад буд, ки мизбони Бозиҳои Осиё мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала