Раиси Суғд дар бораи сарҳад ва мушкилоти гуфтушунид бо ҳамсояҳо

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд масоили марзӣ бо ҷониби Қирғизистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода мегӯяд, марзҳои Суғд ҳамеша ором буд, ҳаст ва мемонад, зеро аз ҷониби сокинони вилоят ягон бор ягон сарҳадшиканӣ нашудааст ва намешавад.
Раиси Суғд дар суҳбат бо нашрияи "СССР" таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон сад фоиз қонун амал мекунад, ҳукумат фаъол аст, аз ҳар гуна бетартибиву бенизомӣ ҷилавгирӣ мешавад.

"Мутаассуф, дар ҳамсоякишвар чунин нест. Беқонунӣ, бетарафии ҳукуматҳои маҳаллии наздимарзӣ, беҷавобгарӣ ва дар бархе маврид беҳукуматӣ ба он овардааст, ки сокинони ҳамсоякишвар ба марзшиканӣ, иғвоангезӣ, сохтусози ғайриқонунӣ банд шуда, марзро ноором мекунанд",-изҳор доштаст Аҳмадзода дар суҳбат.

Ӯ илова намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша омода аст, проблемаҳои марзиро дар сатҳи мақомоти давлатӣ, на аҳолӣ, на шахсони шубҳаангез ҳаллу фасл кунад.
Аҳмадзода дар зимн таъкид кардааст, ки Тоҷикистон як ваҷаб замини худро ба касе намедиҳад ва Ворух абадан дар таркиби Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
В районе села Чоркух. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷузъиёти латукӯби сокинони Чоркӯҳ аз сӯйи қирғизҳо
Дар мавриди сокинони Тоҷикистон, ки дар бетартибиҳои охир дар марз бо Қирғизистон осеб дидаанд, Аҳмадзода таъкид намудаст, ки ҷониби Тоҷикистон хонаву дари ҳамаи сокинони зарардидаро 100% барқарор ва аз будаш ҳам хубтару беҳтар бунёд намуд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он мушаххас буда, боқимонда номуайян аст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ миёни сокинон ва марзбонон гоҳо муноқиша сар занад, ки баъзан ба тирпаронию марги одамон ба анҷом мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала