"Толибон"* хостори бозгардонии пулҳои дуздидаи Ғанӣ шуд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Афганистана Ашраф Гани
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* баргардонидани пулеро, ки президент бо худ гирифта буд, талаб кард.
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. "Толибон"* истирдоди президент Ашраф Ғаниро, ки аз кишвар фирор кардааст, талаб намекунад, аммо мехоҳад пулҳои эҳтимолан баровардаашонро баргардонад. Дар ин бора муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар мусоҳиба бо "РИА Новости" гуфтааст.
"Ашраф Ғанӣ маблағҳои давлатро дуздидааст ва мо баргардонидани онҳоро талаб мекунем <...>. Онҳо ба мардум ва бонкҳои мо тааллуқ доранд", - гуфт Муҷоҳид.
Ғанӣ моҳи август, баъд аз он ки "Толибон" * Кобулро ишғол карданд, кишварро тарк карда, фирорашро "пешгирии қатли ом" арзёбӣ кард. Баъдтар вай аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паёми видеоӣ нашр кард, ки дар он ваъда дод, ба ватанаш бармегардад.
Президенти собиқ моҳи сентябр гуфт, ки ҳангоми рафтанаш аз кишвар бо худ пул нагирифтааст. Вай инчунин қайд кард, ки омода аст, таҳти сарпарастии СММ тафтишоти дороияш расман сурат бигирад.
 Ашраф Гани президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Тафсилоти фирори Ғанӣ аз Генерал Ағбар: касе намедонист, ки ӯ мегурезад
"Толибон"* баъд аз тасарруфи Афғонистон, дар авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон кард. Онро Муҳаммад Ҳасан Оҳанд сарварӣ мекунад, ки дар давраи аввали ҳукумати ин гурӯҳ вазири корҳои хориҷӣ буд.
Эълони ҳукумати ҷангҷӯён, ки қариб ҳамаи аъзояш паштунтабор аст, ба бархӯрди ҷомеаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд.
Сафорати Русия: Ашраф Ғанӣ бо чаҳор мутари пур аз пул фирор кард
То кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати "Толибон"* -ро ба расмият нашинохтааст ва аз онҳо талаб доранд, ки кобинаи ҳамашумул бо дарназардошти манофеи ҳамаи мардуми Афғонистон ташкил кунанд
* - ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала