Аҳмадзода: Суғд ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Дар дидор бо мудири намояндагии Бонки рушди АвруОсиё раиси вилоятти Суғд гуфт, виоят ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд дидору мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Николай Никулин, директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат тарафҳо дар бораи таҳкими муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мубодилаи афкор карданд.
“Айни замон дар вилояти Суғд беш аз 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст”, - таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар вилоят захираву имкониятҳо барои рушди бештари иқтисодиёт фаровон буда, ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият дода мешавад.
Кадки с куриными яйцами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Манъи содироти тухм аз Суғд барои таъмини талаботи бозори дохилӣ
Дар ҳамин ҳол, Николай Никулин иброз доштааст, ки замони сафар ба вилояти Суғд аз як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид кардааст ва таъкид доштааст, ки воқеан дар минтақа барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак имконоти истифоданашуда зиёд аст.
Қайд шудааст, ки ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳоро баррасӣ ва барои ҷалби сармоя ба соҳаи саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву меваҷот, коркарди чарм табодули назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала