То 38 дараҷа гарм: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик барои 25 сентябр

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Гармиҳои тирамоҳӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Дар аксари минтақаҳо дамои ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук дар баъзе ҳолатҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯи мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Песчаная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Тоҷикистон: Ҳушдори ҳавошиносон дар бораи тӯфони чангу ғубор ва селҳои пиряхӣ
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала