Садамаи мудҳиш: ҳалокати ноболиғи 16-сола зери чархи мошин

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе, архивное фото
Скорая помощь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Ронанда аз ӯҳдаи идораи мошинаш набаромада нлболиғи 16-соларо пахш намудааст
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи мадҳуши нақлиёти дар шаҳри Турсунзода рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико”, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи М.Турсунзодаи ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ноболиғ 16-солаи, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон мутаассифона, ноболиғи 16-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Тормози "Хова" хароб шуд: ВКД ҷузъиёти бархӯрди 7 мошин дар роҳи Варзобро шарҳ дод
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон зз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави Тоҷикистон садҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала