Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард

© AP / Hussein SayedМулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Мулло Абдулғанӣ Бародар, ноиби аввали сарвазири ҳукумати ташкилкардаи "Толибон"* Тоҷикистонро дар дахолат ба умури Афғонистон муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Абдулғанӣ Бародар мегӯяд, Тоҷикистон ба умури Афғонистон дахолат мекунад.

"Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, ҳар амал аксуламале дорад", - изҳор доштаст Бародар дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Al-Jazeera.

Тафсилоти бештар ва тевзеҳот, ки чӣ аксуламалро мулло Бародар дар назар дорад, феълан маълум нест.
Дар ҳамин ҳол "Толибон"* ахиран эълом карданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсуси худро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, равон кардаанд.
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Наришкин аз ҳамкории идораҳои истихборотии минтақа дар мавриди Афғонистон гуфт
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ваъдахилофиҳои "Толибон"* дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул ва тартиботи ҷорикардаи онҳо интиқод намуда, ба мардумсолорӣ ва риояи ҳуқуқи ҳамаи мардуми Афғонистон таъкид намуда буд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала