Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд

© Sputnik / Амир ИсаевЛетний фестиваль в Душанбе 17.08.2019
Летний фестиваль в Душанбе 17.08.2019  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, омори расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Дар Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои куштору кордкашӣ, амалиёти "Корд" боз ҷоннок гардидааст.
Бар хабари Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, кормандони ин ниҳод аз 21 то 26 - уми сентябр амалиёти мазкур роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа 36 нафар ҷавонону ноболиғон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард мегардонданд.
Манбаъ меафзояд, аз ин шумора 17 нафар ноболиғ буда, 18 тани дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Боздошти силоҳфурӯш дар Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Боздошти силоҳфурӯш дар Душанбе: муштариёни ӯ ноболиғон ҳастанд
"Аз онҳо дар маҷмӯъ 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 адад кастет ва 4 адад чубдаст дарёфту мусодира карда шуд", - омадааст дар хабар.
РВУД дар пойтахт меафзояд, нисбати 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 7 то 10 шабонарӯз ва дар қиболи волидони ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.
Дар ҳамин ҳол зикр гардид, ки ба фарқ аз солҳои пеш, содиршавии ҷинояти авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард коҳиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала