Дар БСМР аз махлути “AstraZeneca” ва "Спутник Лайт" гуфтанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийская вакцина "Спутник Лайт"
Российская вакцина Спутник Лайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
БСМР аз афзоиши бештари антител дар махлути воксини “AstraZeneca” ва "Спутник Лайт" хабар дод.
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Махлут кардани воксинҳои зидди коронавируси “AstraZeneca” ва "Спутник Лайт" мизони болои афзоиши антителро тайи як таҳқиқоти муштарак дар Озарбойҷон ба намоиш гузоштааст, хабар медиҳад "РИА Новости" ба нақл аз Бунёди сармоягузории мустақими Русия (БСМР).
Ба гузориши манбаъ, "БСМР, ширкати “АстраЗенека” ва “Р-Фарм” иттилооти муқаддамотии истифода аз махлути воксини “АстраЗенака” (тавлиди муштараки Донишгоҳи Оксфорд) бо қисмати аввали "Спутник V" дар як таҳқиқоти клинкӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷонро эълон карданд”,-гуфта мешавад дар иттилоия.
"Тибқи наҷоити озмоиши муваққатӣ, дар вуҷуди 85 дарсад аз касоне, ки аз ин ду воксин тазриқ шудаанд, чаҳор баробар мизони болои антител алайҳи вирусҳои корона ва вируси SARS-CoV-2 дар 57-ум рӯз мушоҳида шудааст", - афзуд бунёд.
Ин иттилоъ бар асоси мушоҳидаи 20 нафар аз онҳое, ки дар аввали таҳқиқот тазриқ шудаанд, расонаӣ шуд. Ба унвони қисми аввал аз воксини “АстраЗенека” ва қисмати дувум аз “Спутник лайт” истифода шудааст.
Фосилаи миёни тазриқи ин ду воя 29 рӯз гуфта мешавад.
Вакцинация в Гостином дворе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Дар Бохтар 20 ҳазор донишҷӯй алайҳи COVID ваксин гирифт
Таҳқиқ дар феврали соли 2021 дар Озарбойҷон шуруъ шуда будааст. Имрӯз дар ин таҳқиқ 100 нафар ба унвони нафарҳои ихтиёрӣ иштирок мекунанд.
Ба ғайр аз Озарбойҷон воксини якҷояи мазкур дар зимни як барномаи густарда дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Русия низ истифода мешавад. Муҷаввизи истифода аз ин шеваи воксинзанӣ дар Беларус низ дарёфт шудааст.
БСМР ба унвони аввалин ниҳод дар ҷаҳон дар ҷиҳати таҳқиқи муштаракаи ҷузъи аввали "Спутник V" бо доруҳои хориҷӣ иқдом кард. Дар моҳи декабри соли 2020 дар ҳузури раисҷумҳури Русия Владимир Путин Маркази миллии таҳқиқии эпидемияшиносӣ ва вирусшиносии ба номи Н. Ф. Гамалейи Русия, ширкати “Р-Фарм” ва “АстраЗенека” барои баргузории як таҳқиқоти муштараки эминӣ ва эминисозии омехтаи “АстраЗенека” ва “Спутник V” ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала