Ду рӯз то анҷоми афв: Муҳоҷиронро пас аз 30 сентябр чӣ интизор аст?

© Sputnik / Павел ЛисицынПассажиры забирают багаж с транспортировочной ленты в аэропорту
Пассажиры забирают багаж с транспортировочной ленты в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Муддати афви даврони коронавирус дар Русия барои коргарони хориҷӣ, ки чанд бор тамдид шуд, ба поён мерасад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Аз 1 октябри соли 2021 давраи амали фармони президенти Русия таҳти рақами 364 "Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)" ба охир мерасад.
Дар ин бора сомонаи Раёсати ВКД дар Маскав хабар додааст.
Аз оғози пандемия, пас аз бастани сарҳадҳо садҳо ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар саросари Русия дар ҳолати хеле душвор қарор гирифтанд.
Рабочие на стройке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед
Аз сабаби қарантина ва бекор кардани парвозҳо онҳо ба хона баргашта натавонистанд, зимнан онҳо имкони идомаи кору зиндагӣ дар Русияро низ надоштанд, зеро муҳлати ҳуҷҷатҳои будубошашон дар ин кишвар низ ба охир расида буд.
Дар чунин ҳол Ҳукумати Русия барои муҳоҷирони корӣ суҳулатҳоеро пиёда кард. Президенти Русия Владимир Путин дар бораи тамдиди будубоши муҳоҷирон фармонеро имзо кард. Бар асоси он, муҷаввизи кору иқомати муҳоҷироне, ки то 15 марти соли 2020 бо хоки Русия ворид шуда буданд, ба таври худкор тамдид шуд.
Онҳо аз пардохти пули ҳармоҳаи патент ва тамдиди санади иқомат маоф шуданд, инчунин ихроҷ намешуданд, ба истиснои нақзи бевоситаи қонун.

"Ин давра ба охир мерасад ва аз 1 октябр мо тавре зиндагӣ мекунем, ки пеш аз пандемия мекардем. Яъне ҳама бояд кулли ҳуҷҷатҳои лозимро дошта бошанд",-мегӯяд роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.

Вай таъкид мекунад, ки муҳоҷирони кории бидуни патент ва сабти иқомат муваззафанд, то 30 сентябр Русияро тарк кунанд ва ҳадди ақал 90 рӯз дар кишвари худ бимонанд. Дар акси ҳол онҳо ихроҷ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала