Раҳмон: Рошқалъа дар солҳои наздик ба содиркунандаи барқ табдил меёбад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рошқалъа гуфт, ки дар солҳои наздик мушкилоти барқ дар ин ноҳия комилан ҳал хоҳад шуд ва ҳатто имкон дорад аз ин митақа ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ содир шавад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҳузури роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рошқалъа гуфт, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 16 иншооти соҳаи энергетика таҷдиду навсозӣ ва ба истифода дода шуд.
Вай таъкид кардааст, ки дар натиҷаи таҷдиду навсозии бахши энергетикии кишвар ҳоло таъмини ноҳия бо барқ хеле беҳтар гаштааст.
Дар ҳамин ҳол президенти кишвар таъкид кард, то замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 дарсади аҳолии ноҳия дар фасли зимистон аз нерӯи барқ маҳрум гардида, майдони зиёди ҷангалзорҳо ба сифати сӯзишворӣ истифода мешуд.
Эмомали Рахмон прибыл с рабочим визитом в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Раҳмон дар Помир: Президент боз аз як ноҳия боздид кард
Вай илова кард, ки ҳукумати кишвар барои пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа баъзе аз лоиҳаҳои муҳимро амалӣ карда истодааст.

“Бо анҷом ёфтани онҳо солҳои наздиктарин илова ба ин ки вилоят бо барқ таъмин мегардад, инчунин содироти он ба роҳ монда мешавад”,-қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон вай зикр кард, дар ноҳияи Роштқалъа, ки аз манотиқи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон ба шумор меравад, кишоварзӣ соҳаи асосии шуғли мардум ва манбаи аслии даромади онҳо мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Раҳмон аз паҳлавонҳои Ванҷу Дарвоз тавсиф карду аз печидагиҳо дар минтақа ҳушдор дод
Тибқи омори расмӣ, дар ҳашт моҳи соли 2021 дар Рошқалъа ба маблағи 21 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ нисбат ба соли 1991-ум 3,3 баробар, картошка 2,4 баробар ва ғалладона 25 фоиз зиёд гардидааст”, - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала