Раёсати мусалмонҳо хостори барномаҳои ҳамгироӣ ва мутобиқсозии муҳоҷирон дар Русия шуд

© Sputnik / Anton SkripunovВерующие ждут начала праздничной молитвы по случаю Курбан-байрама в Московской соборной мечети. 21 августа 2018
Верующие ждут начала праздничной молитвы по случаю Курбан-байрама в Московской соборной мечети. 21 августа 2018  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Раёсати мусалмонҳои Русия муҳим медонад, ки барномаҳои ҷадиди ҳамгироӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирон дар ин кишвар таҳия шаванд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раёсати мусалмонҳои Русия ҳалли ихтилоф миёни диаспораҳо дар ин кишварро бо истифода аз зӯр маҳкум мекунад, омадааст дар изҳороти ин ниҳод.

"Дар робита ба ихтилофҳои ахири миёни гурӯҳҳои муҳоҷир роҳандозии сиёсати ҳазмшуда дар ин бахш, таҳияи низоми мутобиқшавию ҳамгироии муҳоҷирон муҳим мебошад",-изҳор доштааст раёсат.

Ин ниҳод шеваи роиҷи бархӯрд дар пайи ҳолатҳои содиршавии ҷиноётро номақбул хонда, муҳим хондааст, ки чораҳои пешгирӣ низ роҳандозӣ гарданд.
Раёсати мусалмонҳо изҳори омодагӣ кардааст, ки бо мақомоти дахлдори федералию маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор дар ин масъала ҳамкорӣ намояд.
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар Русия
Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори нашршуда дар расонаҳои Русия, тайи моҳҳои январ-августи соли равон 24,7 ҳазор қонуншиканӣ рух додааст, ик дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,9 дарсад зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала