Ширкати аудитии “Бейкер тилли Тоҷикистон” аз Бонки миллӣ иҷозатнома гирифт

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Раёсати Бонки миллӣ ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои анҷоми фаъолияти аудитӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, қарори ин раёсати ин бонк дар ин хусус 24 сентябри соли равон ба имзо расид.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи тамдид аз 6 сентябри соли 2021 ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ қайд кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶДММ “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 28 декабри соли 2016 аз эътибор соқит дониста шуд.
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Бонки миллӣ ба ширкати “Спитамен Суғурта” ва ташкилоти суғуртавии “Муин” иҷозатнома дод
Ҳамзамон раёсати Бонки миллӣ, Департаменти назорати бонкиро вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудитӣ дар ташкилотҳои қарзии молӣ сабти дахлдорро ворид кунад.
Ёдрас менамоем, ки тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ҷумҳурӣ 11 ширкати аудитӣ фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала