Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ: Дар Суғд ба ваксинзании мурғҳо оғоз намуданд

© Foto Пресс-служба президента ТаджикистанаКурицы на птицефабрике
Курицы на птицефабрике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Масъулони идораи кишоварзии Суғд мегӯянд, хуруҷи бемории зукоми мурғ дар кишвари Қазоқистон мурғпарварони тоҷикро водор намудааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинзании мурғҳоро шуруъ кунанд
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Маъруф Шарифиён, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд мегӯяд, хатаре аз Қазоқистон таҳдид намекунад. Аммо бархе аз мурғпарварон мегӯянд, бо вуҷуди ин ба ваксиназании мурғҳо сар кардаанд, чун "илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ" гуфтаанд.
Шарифиён, масъули идораи кишоварзии Суғд изҳор дошт, соли гузашта як дафъа мурғпарварони тоҷик ин вазъро паси сар кардаанд. Ӯ иброз намуд, ки соли гузашта бар асари хуруҷи зукоми мурғ чанд ҳазор мурғ дар фермаҳои Суғд талаф шуд.
Кадки с куриными яйцами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Манъи содироти тухм аз Суғд барои таъмини талаботи бозори дохилӣ
“Соли гузашта чанд ҳазор сар мурғ аз ин беморӣ нобуд шуд ва аз ин ҳисоб ба соҳибкорон зарари молӣ расид. Ҳоло роҳбарони фермаҳои мурғпарварӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ ба ваксинзанӣ ва зиддиуфунӣ кардани мурғхонаҳо оғоз намудаанд”,-гуфт Шарифиён.
Соли гузашта дар пайи хуруҷи бемории зукоми мурғ чанд ҳазор сар мурғ дар Суғд кушта шуд, аммо дар бораи омори нобудшавии мурғҳо масъулони идораҳои давлатӣ аз додани иттилоъ худдорӣ мекарданд. Дар пайи ин вазъ нархи тухм то як сомонию 50 дирам дакка хӯрд.
Аҳмад Комилов, як соҳибкори мурғпарвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз он ки соли гузашта мурғпарварон зиёни молӣ диданд, ҳоло барои пешгирии ин беморӣ ба ваксинзании мурғҳо оғоз намудаанд.

“Аз рӯи нақша, ваксинзании мурғҳо ҷараён дорад. Барои он ки масунияти мурғҳо тақвият шавад, аз ваксинаҳои H5 ва H9 истифода мешавад. Ин ваксинаҳо аз Русия ворид мешаванд”,-гуфт мурғпарвар.

Роҳбарони идораи беҳдоштии Қазоқистон чанд рӯз қабл дар бораи хуруҷи бемории зукоми парранда дар ин кишвар иттилоъ доданд. Бар пояи иттилои расмӣ, бар асари ин беморӣ садҳо сар мурғ, қоз ва мурғобӣ дар шимоли Қазоқистон талаф шудааст. Масъулони ин кишвар дар фаъолияти фермаҳои мурғпарварӣ реҷаи қарантинӣ ҷорӣ карда, ба ваксинзании мурғҳо оғоз намудаанд.
Бино ба иттилои Сарраёсати кишоварзии Суғд, ҳоло шумори мурғ дар вилоят ба 4 миллиону 415 ҳазор мерасад. Ин теъдод дар муқоиса ба як соли пеш 349 ҳазор зиёд гуфта мешавад.
Давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 370,6 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 16 миллион дона зиёд аст. Дар ин давра ҳамчунин дар Суғд ҳудуди 11 ҳазор тонна гушти мурғ истеҳсол шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала