Вазорати меҳнат бо Бонки Ҷаҳонӣ танзими бозори меҳнат ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ кард

© Министерство труда РТМинтруд Таджикистана провели встречу с представителем Всемирного банка
Минтруд Таджикистана провели встречу с представителем Всемирного банка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Бонки Ҷаҳонӣ ба вазорати меҳнат итминон додааст, ки дар ояндаи наздик ҳамкориҳоро боз ҳам густариш хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ахиран дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз бо Роҳбари барномаҳои муосиргардонии системаи омори миллии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Алишер Раҷабов баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои мутақобилаи Вазорати меҳнат бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки Ҷаҳонӣ ва бо барномаҳои тоҷикистонии он муҳокима гардида, таъкид карда шуд, ки таҳкими ҳамкориҳо дар самти шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рақамикунонии самтҳои фаъолият аз афзалиятҳои кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мебошад.
Озан Севимли, постоянный представитель Всемирного банка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Бонки ҷаҳонӣ намояндаи навашро дар Тоҷикистон таъин кард
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот Раҳмонзода Абдуғаффор таъкид доштааст, ки вазорат бовар дорад, ки имкониятҳои кории дуҷониба ва лоиҳаҳо дар самти таълими калонсолон, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон ва ба ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани онҳо барои танзими бозори меҳнат ва рушди ҳамкориҳо муосидат менамояд.
Ҳамзамон Роҳбари барномаҳои муосиргардонии системаи омори миллии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Алишер Раҷабов қайд кард, ки аз ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва ниҳодҳои он қаноатманд аст ва дар ояндаи наздик ҳамкориҳоро боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала