ВКД-и Русия аз эҳтимоли тамдиди муҳлати сабукиҳо барои муҳоҷирон гуфт

Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, барои он ки муҳоҷирон дар Русия ба таври қонунӣ кору фаъолият намоянд, ба онҳо кумак кардан лозим аст
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Русия қайд кард аст, ки шумори дақиқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия маълум нест.
Владимир Овчинский, мушовири вазири корҳои дохилӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Красная Весна” гуфтааст, ба таври миёна шумораи умумии муҳоҷирон дар Русия аз 1,5 то 2,5 миллион гуфта мешавад.
Вай афзуд, шумораи воқеии хориҷиён дар Русия метавонад беш аз 10 миллион нафар бошад.
Рабочие на стройке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед
Муҳдуд будани муҳлат - як чораи зарурист, ки бояд ба "раванди қонунигардонии муҳоҷирон суръат мебахшид", - илова намуд мушовири Вазорати корҳои дохилӣ.

"Шумори зиёди онҳо қонунӣ карда шуданд. Ҳоло аз онҳо изи ангушт мегиранд, сабтҳои электронӣ мегузоранд. Албатта, на ҳамаи онҳо то 30 сентябр тавонистанд ҳузури худро расмӣ кунанд. Агар нафароне, ки дар навбат меистанд, пинҳон намешаванд, пас бояд ба онҳо кумак ва ихроҷи онҳоро муваққатан қатъ кард",-гуфт Овчинский.

Мушовири вазири корҳои дохилии Русия зикр кард, ки аз як миллион муҳоҷир як фоизи онҳое, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ё ҳатто бо терроризм гумонбар дониста мешаванд, барои эҷоди мушкилоти ҷиддӣ дар кишвар кофӣ аст. Аз ин рӯ, расмикунонии хориҷиён дар Русия бисёр муҳим аст.
Лентаи хабарҳо
0