Рубл дар Тоҷикистон боз боло рафт

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон боз як сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар нисбат ба сомонӣ эълон кард.
Ҳамин тариқ, қурби рубл нисбат ба сомонӣ аз 154 ба 155 сомонӣ барои ҳазор рубл расидааст.
Баръакс пули амрикоӣ аз 11,31 ба 11.30 сомонӣ барои як доллар расидааст.
Аммо евро дар Тоҷикистон пас аз суқути тӯлонӣ тақвияи худро идома медиҳад.
Тибқи иттилои БМТ, ҳоло як евро 13,15 сомонӣ аст, на 13.12, тавре ки як рӯз пеш буд.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Иқтисоддон: Моҳи октябр доллар бо "сюрприз"-ҳои ногувор дучор хоҳад шуд
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3085 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.1597 то 13.2700 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1550 то 0.1570 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала