Маълум шуд, кадом ғизои маъмул "қотил"-и масунияти инсон аст

© PixabayТележка для продуктов в супермаркете
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Аксари дӯстдорони ин ғизо аз хатарнокии он пай бехабаранд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Донаҳои офтобпараст ба масунияти инсон зарбаи сахт мезананд. Дар ин бора дар суҳбат бо радиои Sputnik ғизошинос Наталя Сичева иттилоъ додааст.
Сарфи назар аз миқдори зиёди витаминҳои A, E ва D, ки дар равған ҳалшавандаанд, донаи офтобпараст инчунин дорои моддаҳои зараровар мебошад.

"Аммо кислотаҳои омега-3 каманд. Вақте ки таносуби кислотаҳои равған вайрон мешавад, он метавонад ба системаи масуният ва равандҳои илтиҳобии бадан таъсир расонад",-таъкид кард ғизошинос.

Ба гуфтаи Сичева, донаи каду барои бадан безарартарин аст, онҳо дорои хосиятҳои табобатӣ мебошанд.
თავის ქალა - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Мағзи сари инсон метавонад ояндаро пешгӯӣ кунад: олимон
"Дар донаи каду миқдори зиёди магний мавҷуд аст, ки ба системаи асаб таъсири хуб мерасонад",-гуфт ғизошинос.
Истифодаи чунин маҳсулот метавонад барои одамоне муфид бошад, ки аксари вақт фишори равониро эҳсос мекунанд.
Пештар табиб ва блогнависи тиббӣ Филип Кузменко дар бораи чӣ гуна фаъол кардани "силоҳи махфӣ"-и масуният нақл карда буд.
Новорожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Олимон мегӯянд, таваллуди фарзанд занро бармаҳал пир мекунад: чӣ бояд кард то ҷавон монд
Ба гуфтаи ин мутахассис, барои беҳтар кардани саломатӣ бештар пиёда рафтан, нӯшидани какао, чойи асал, чой бо малина ё имбир, инчунин меваҳоро ба ғизои ҳаррӯза дохил кардан лозим аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала