Карзай: Умедворам, омӯзгорони зан ба зудӣ ба вазоифи худ бармегарданд

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузаштан ба хазинаи аксЭкс-президент Афганистана Хамид Карзай
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Раисҷумҳури пешини Афғонистон мегӯяд, "умедворам, ки устодони зан ба вазоифи худ бармегарданд ва канори бародарони худ барои рифоҳу тараққии кишвар тадрис мекунанд"
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифаи твиттериаш омӯзгорони кишварро ба муносибати Рӯзи байналмилалии омӯзгорон табрик карда, гуфт: "Бигзор занон ба вазифаи муқаддаси худ баргарданд", иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ҳангоми қадрдонӣ ва ташаккур ба саъю кӯшишҳои ҳамаи профессорҳо, орзу мекунам, ки занону омӯзгорон ба вазифаҳои муқаддаси худ баргарданд ва фарзандони азизашон, ҳам духтарон ва ҳам писаронро дар баробари бародаронашон барои беҳбудӣ ва пешрафти кишвар таълим диҳанд",-гуфт раисҷумҳури пешини Афғонистон.
Аммо аз замоне ки ҳукумати “Толибон”* сари қудрат омад, омӯзгорони зан ва донишҷӯёни духтар ҳанӯз аз “Толибон”* барои рафтан ба мактаб ва омӯзиш иҷоза нагирифтаанд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Ҳомид Карзай: Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
“Толибон”* мегӯяд, ки омӯзгорони зан ва донишҷӯёни духтар то тасмими навбатии ин гурӯҳ мунтазир шаванд.
Дар Афғонистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон таҷлил мешуд, аммо имсол ба далели таҳаввулоти ахир ҳеҷ гуна маросими расмӣ аз ҷониби “Толибон”* барои гиромидошти омӯзгорон баргузор нашуд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала