Маълум шуд, кай Русия муҳоҷирони ӯзбекро барои кор меорад

© Sputnik / Амир ИсаевСтроители на стройке нового дома
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Интизор меравад, ки барномаи вуруди муҳоҷирон ба таври озмоишӣ барои кор дар сохтмонҳои Русия то охири моҳи октябр оғоз шавад
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Лоиҳаи озмоишии вуруди муҳоҷирони кории ӯзбек барои кор дар сохтмонҳои Русия метавонад то охири моҳи октябр оғоз шавад, гуфт муовини вазири сохтмон Никита Стасишин.

"Барнома ниҳоӣ шуда истодааст. Қарори ҳукумат дар ояндаи наздик бароварда мешавад",-гуфт муовини вазир дар поёни ҳамоиши "100+ TechnoBuild".

Вай шарҳ дод, ки дар ин ҳуҷҷат нақшаҳои даъвати 10 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон дар назар аст.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамаи меҳмонон бо ваксинаи "Спутник Лайт" эм карда мешаванд.
Уборка капусты в Великом Новгороде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Вилояти Астрахан хостори лағви маҳдудияти ҷалби муҳоҷирон ба корҳои хоҷагидорӣ шуд
Хоҳишмандони кор дар сохтмонҳои Русия ба иншооти мушаххас ва ширкатҳои вижа ба ин кишвар даъват мешаванд.
Стасишин афзуд, ки Вазорати сохтмон ҳаҷми қувваи кориро ба ширкатҳое тақсим кардааст, ки на танҳо манзил, балки иншооти инфрасохтор, аз ҷумла космодроми "Восточный" - ро месозанд.
Ба гуфти ӯ, дар патенти муҳоҷири меҳнатӣ корхонаи мушаххасе номбар мешавад, ки дар он бинокорон фаъолият хоҳанд кард.
Валерий Фадеев на пресс-конференции в Международном мультимедийном пресс-центре МИА Россия сегодня (12 марта 2019). Москвa - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Дар Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷир бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунад
Пештар хабар дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ ҳар рӯз 250 шаҳрванди Ӯзбекистон барои кор дар бахши сохтмони Русия интихоб карда мешавад.
Муҳоҷирон бо қатораҳои чартерӣ тавассути роҳи оҳан, аз тариқи Қазоқистон ё тавассути ҳавопаймо озими Русия мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала