Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Сафари кории президент аз маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, мақсади сафари кишвардор иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинони вилояти Суғд мебошад
Эмомалӣ Раҳмон баробари ворид шудан ба шимоли кишвар, нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.
Сотрудники милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Меҳмони воломақом меояд: Эълони ду рӯзи роҳбандӣ дар Суғд
Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид карда нашуда буд.
Ҳадаф аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосир барои мусофирон гуфта мешавад..
Ҳамзамон дар ин макон суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, раисиҷумҳур ба ҳар яки ин онҳо туҳфа - сарулибос ва маблағи пулӣ тақдим кардааст.
Эмомали Раҳмон ҳамзамон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро низ ба истифода додааст, ки он бо арзиши 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз шудааст.
Гуфта мешавад, бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0