Абдураззоқ Гурнаҳ барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд

CC BY 2.0 / PalFest / Лауреат Нобелевской премии по литературе танзаниец Абдулразак Гурна
Лауреат Нобелевской премии по литературе танзаниец Абдулразак Гурна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Барандаи ҷоизаи Нобел дар умури адабиёт дар ҷаҳон эълон шуд
ДУШАНБЕ, 07 окт — Sputnik. Абдураззоқ Гурнаҳ барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд. Ӯ зодаи Танзания буда, дар Бритониё зиндагӣ мекунад.
Дар ин бора Кумитаи Нобели Академияи улуми Шветсия хабар додааст.
Кумита мегӯяд, ки Гурнаҳ барои "таҳқиқи таъсири оштинопазир ва дилсӯзонаи мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳанда дар тақсимоти фарҳангу қитъаҳо" сарфароз шудааст.
Абдураззоқ Гурнаҳ соли 1948 дар ҷазираи Занзибар, дар оилаи мусалмони арабасл таваллуд шудааст. Ӯ дар синни 20-солагӣ ба Британияи Кабир кӯчид, унвони доктори илмро дар Донишгоҳи Кент ба даст овард ва ҳоло бахши аспирантураи кафедраи забони англисии ин донишгоҳро сарварӣ мекунад.
Ӯ нахустин романи худро соли 1987 бо номи "Хотира аз рафтан" навишт ва дар маҷмуъ даҳ китоб дорад, ки машҳуртарини онҳо "Биҳишт" (1994) ва "Дар соҳили баҳр" (2001) мебошанд, ки ба рӯйхати Ҷоизаи Букер шомил шудаанд.
Ҳафтаи Нобел ду-се рӯз қабл оғоз шуд. Тибқи анъана, нахуст барандаҳои ҷоиза дар бахши физиология ва тиб эълон шуданд, ки онҳо Дэвид Джулиус ва Ардем Патапутян мебошанд. Онҳо ба таҳқиқи он машғул буданд, ки чӣ гуна организмҳои зинда ҳароратро эҳсос мекунанд.
5 октябр Сюкуро Манабе, Клаус Хасселман ва Ҷорҷио Паризи ғолибони бахши физика эълон шуданд, ки имкони инсониятро дар бахши низомҳои мураккаб васеъ намуданд.
Медаль Нобелевской премии мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Эълони бархе аз барандаҳои Ҷоизаи Нобел
Ҷоизаи Нобел барои пажуҳишҳои бузурги илмӣ, ихтирооти нодир ва саҳм дар фарҳангу рушди ҷомеа тақдим мегардад.
Дар маҷмуъ ҷоизаи Нобел шаш бахш дорад, ки ғолибон дар бахши тиб, физика ва кимиё то ҳол эълон нашудаанд.
Ҳамакнун барандаҳо дар бахши барқарории сулҳ дар ҷаҳон 8 октябр ва бахши иқтисод 11 октябр муаррифӣ мегарданд.
Ҷоиза ба номи бунёдгузораш Алфред Нобел номгузорӣ шудааст. Соли равон маблағи ҷоиза ҳудуди 1,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала