Зеленский сафири Украина дар Тоҷикистонро аз вазифа гирифт

© акс аз сомонаи ВКХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Василий Серватюк, сафири Украина дар Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Василий Серватюк, сафири Украина дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Феълан сабаби аз вазифа сабукдӯш шудани Василий Серватюк норӯшан аст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Кишвардори Украина Владимир Зеленский сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро аз вазифа сабукдӯш кард. Қарори аз вазифа озод шудани Василий Серватюкро рӯзи 6-уми октябр дафтари матбуотии президенти Украина расонаӣ кард.
Манбаъ сабаби барканории Серватюкро шарҳ надод. Гуфта мешавад, ҷаноби Серватюк дар баробари Тоҷикистон ҳамзамон умури дипломатии ин кишвар ба Афғонистонро низ ба уҳда дошт.
Мирослав Ниязов освобожден от должности посла Кыргызстана в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Сафири Қирғизистон дар Афғонистон аз вазифа сабукдӯш шуд
Ҳоло маълум нест, ки ҷойгузини Василий Серватюк дар Тоҷикистон кӣ мешавад. Ӯ моҳи майи соли 2019 сафири Украина дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ҳамакнун бо гузашти ҳамагӣ 2,5 сол курсиро холӣ гузошт.
Василий Серватюк 12 марти соли 1957 дар деҳаи Украинка таваллуд шудааст. Соли 1997 Академияи байналмиллалии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро хатм намуда, доктори илм ва профессор аст.
Аз соли 1992 то 2019 ӯ дар мақомоти иҷроияи марказии Украина дар маснадҳои гуногун ифои вазифа кардааст. Номбурда оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала