Мавқеи шартӣ: Маскав зидди ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар ОМ

© AFP 2021 / JOHN MOOREСолдаты армии США возвращаются домой из Афганистана
Солдаты армии США возвращаются домой из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз мавқеи қотеонаи кишвараш дар мавриди мустақар кардани артиши ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот бо аъзои Анҷумани соҳибкорони аврупоӣ масъалаи мустақар кардани контингенти амрикоиро пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон ба миён гузошт.

"Мо пайваста ба ҳамкасбони ғарбии худ хотиррасон мекунем, ки мо зидди интиқоли инфрасохтори низомӣ аз Афғонистон ё ҷойгиркунии зерсохтори нави низомӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳастем",-гуфт сиёсатмадор.

Лавров қайд кард, ки чунин тасмим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари бузург дорад, зеро он ба таври худкор дигар кишварҳоро ба "ҳадафи террористон" табдил медиҳад.
Американский танк M1A2 Abrams - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ӯзбекистон ИМА-ро ба Афғонистон "роҳ" намедиҳад
Инчунин сиёсатмадори рус сиёсати ИМА-ро нисбати паноҳандагони афғон шадидан маҳкум кард.

"Ҳоло бисёриҳо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро водор мекунанд, гурезаҳоро барои як-ду моҳ қабул кунед ва мо ҳуҷҷатҳояшонро дуруст карда, баъд мебарем. Ду моҳ барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо?"-гуфт роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Барои Маскав, пеш аз ҳама суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст, хулоса кард Лавров.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала