Заҳролудшавии муҳоҷирон дар ҳостели Маскав: яке ҷон бохт - акс

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузаштан ба хазинаи аксМигранты у здания УФМС, архивное фото
Мигранты у здания УФМС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Сабаби заҳролудшавии шаҳрвандони хориҷӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Муҳоҷирон дар яке аз хобгоҳҳои Маскав заҳролуд шуданд, хабар медиҳад канали "Telegram Mash".
Тибқи иттилои расонаҳо, молики хобгоҳ пас аз занги яке аз меҳмонон, ки гуфтааст, ӯ ва ҳамсояҳояш худро бад ҳис мекунанд, ба он ҷо ҳозир шудааст.
Вақте соҳибхона ба назди меҳмонон омад, ҳеҷ кас дарро накушод, онҳо маҷбур шуданд дарро шикаста, ворид шаванд. Ҳамаи меҳмонони хобгоҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд.
Ба табибион даст дод, то се хориҷиро ба худ оранд, яке аз заҳролудшудаҳо фавтид.
Больничная палата в Центре кардиологии и сердечно-сосудистой хирургии Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Заҳролудшавии беш аз 20 шаҳрванди Ӯзбекистон дар хобгоҳи Толятти
Вазъи наҷотёфтагон вазнин аст; онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Аз ҳуҷра на шишаи холӣ ёфт шуду на ғизое.
Бино ба гузориши РЕН-ТВ, ин ҳодисаро Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқ хоҳад кард.
Кумитаи тафтишотӣ заҳролудшавӣ бо маводи нашъадори номаълумро ба унвони яке аз сабабҳои ин ҳодиса пешгӯӣ мекунад.
Хабаргузории шаҳри Маскав мегӯяд, муҳоҷири фавтида 24 сол доштааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала