ДИИШ* масъулият ҳамла ба масҷиди шиаён дар Кундузро ба уҳда гирифт

© ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксФСБ РФ предотвратила теракт в столичном регионе
ФСБ РФ предотвратила теракт в столичном регионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Гурӯҳи террористии ДИИШ* дар баёнияе ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шиаён дар шаҳри Саидободи вилояти Кундуз Афғонистонро бар уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. ДИИШ* дар саҳифаи "Телеграм"-аш расман масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаён дар Кундузро бар уҳда гирифт, Sputnik Афғонистон.
Инфиҷор ахир ҳангоми намози ҷумъа дар як масҷиде рух дод ва Пизишкони бидуни марз дар вилояти Кундуз гуфтанд, ки шумораи кушташудагон ба беш аз 50 ва шумораи маҷруҳон ба беш аз 100 нафар расидааст.
Ин аввалин ҳамлаи хунини интиҳорӣ ба масҷиди шиаҳо аз замони суқути ҳукумати пешини Афғонистон аст.
Қаблан ДИИШ* масъулияти ҳамла ба Фурудгоҳи байналмилалии Кобулро бар уҳда гирифта буд, ки дар натиҷаи он 179 нафар ба ҳалокат расид.
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
Гурӯҳи “Толибон”*, ки ҳоло аз амният кафолат медиҳанду назорати амниятии кулли Афғонистон дар дасти онҳост, дар соатҳои аввали ин инфиҷор гурӯҳи террористии ДИИШ*-ро айбдор кард.
"Толибон"* ҷангҷӯёни ДИ "Хуросон"*-ро, ки шохаи созмони тундрави "Давлати исломӣ"* мебошад, дар амали террористӣ айбдор кард.
Дар ин бора узви комиссияи фарҳангии "Толибон"* Муҳаммад Ҷалол дар саҳифаи "Твиттер"-аш хабар додааст.
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала