Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Расо 25 рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон омори коронавирус ба сифр баробар аст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДевушки танцуют на празднике
Девушки танцуют на празднике  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Бори охир рӯзи 15-уми сентябр се маризи коронавирус шифо ёфтанд ва аз он замон то ҳол омори ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ба сифр баробар аст
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон новобаста аз он ки дар ҷумҳурӣ давоми чанд ҳафта ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон аз коронавирус сабт нашудааст, дар робита ба ин масъала иттилоъ медиҳад.
Ба гузориши ин ниҳод, шабонарӯзи гузашта низ ягон ҳолати бемор шудани шаҳрвандон аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамин тариқ то 10 октябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар ИМА назарияи ҳайратовари пайдоиши коронавирус гуфта шуд
Охирон маротиба рӯзи 15 октябр се маризи вируси COVID - 19 шифо ёфтанд ва аз он замон то ҳол дигар ягон гафар гирифтори ин дард нагардидааст.
Манбаъ зикр намудааст, ки ягона роҳи пешгирӣ аз ин дард гирифтани ваксина аст ва маъракаи ваксиназанӣ дар мамлакат идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала